баргард чоп кардан

Ҳудуди 7 000 тоҷик дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар зиндонҳои Русия ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори Сарраёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия, рӯзи 23-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аксари муҳоҷирони тоҷик барои қочоқи маводи мухаддир, авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳо дар Русия паси панҷара нишастаанд.

Абдулҳақов илова намуд, аз ҳоли шаҳрвандони тоҷик дар маҳбасҳои Русия пайваста ташкилоти ҷамъиятӣ ва пайвандонашон хабар мегиранд.

Дар баробари ин, оқои Абдулҳақов таъкид намуд, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон низ атбои хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Вай теъдоди маҳбусони хориҷӣ дар зиндонҳои Тоҷикистонро 370 нафар арзёбӣ намуда, афзуд, ки ин афрод бештар шаҳрвандони Эрон, Афғонистон, Нигерия, Кения мебошанд.