баргард чоп кардан

Усмон Сабзов: “Кафолат медиҳам, интихобот бе тақаллуб мегузарад...”

Раиси ноҳияи Ҳисор гуфт, ба ҳама аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо кафолат медиҳад, ки ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ноҳия бидуни тақаллуб хоҳад гузашт.

Усмон Сабзов, ки рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, “худам азоби интихоботро кашидаам ва намехоҳам каси дигаре онро таҷруба кунад”. Вале ӯ ошкоро нагуфт, ки дар интихобот чӣ мушкилеро аз сар гузарондааст. Оқои Сабзов моҳи феврали соли ҷорӣ ба курсии раиси ноҳияи Ҳисор такя зад.

Ин изҳороти Усмон Сабзов ба пурсишҳои зиёди хабарнигорон рӯбарӯ шуд ва аз ҷумла ин савол садо дод, ки агар мехоҳанд интихобот бе тақаллуб гузарад, чаро нагузоштанд, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, чанде пештар бо сокинон Ҳисор дидору мулоқот кунад. Ба ин савол Валиҷон Табаров, раҳбари Идораи умури дохилии Ҳисор, посух дод ва гуфт, ин мулоқоти Кабирӣ бидуни иҷозаи расмӣ баргузор шуданӣ буд, ки онҳо пешгирӣ карданд. “Онҳо мехостанд, ин мулоқотро дар як хона баргузор кунанд, ки бе иҷозаи расмӣ мумкин набуд”,-афзуд Табаров.

Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор, дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон дар ин бора, ки оё худи ӯ омода нест, дар интихоботи президентии моҳи ноябр ба ҳайси номзад ширкат ҷӯяд, гуфт, то замоне зинда ҳаст, касеро аз раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон афзалтар нахоҳад шумурд.

Раиси ноҳияи Ҳисор дар ин суҳбаташ ҳамчунин дар бораи омодагиҳо барои таҷлил аз сеҳазорсолагии ин ноҳия ишора кард. Вай гуфт, онҳо талош доранд, то Қалъаи Ҳисор ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид шавад.