Бастани тасмаи бехатариро ба ронанда ва мусофирони туркман тавсия медиҳанд
Бо эҳтимоли қавӣ ояндаи наздик аз ронанда ва мусофирони сабукравҳо дар шаҳрҳои Туркманистон барои набастани тасмаи бехатарӣ ҷарима меситонанд.
Ҳоло санадҳои расмии батанзимдарорандаи чунин муқарарот мавҷуд нест. Аммо кормандони пулиси роҳи Туркманистон муваззаф шудаанд, миёни ронанда ва мусофирон барои анҷоми ин амали амниятӣ, ки дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст, корҳои тарғиботӣ баранд. Дар бештари кишварҳои Аврупо ва ҳамчунин Амрико барои набастани тасмаи бехатарӣ ҷаримаи бузург меситонанд.
Таҷрибаи бастани тасмаи бехатарӣ аз сӯи ронанда ва мусофироне, ки дар курсии пеш нишастаанд, дар Туркманистон ҳоло танҳо дар роҳҳое мавҷуд аст, ки ҳаракат бо суръати нисбатан баланд иҷозат дода шудааст.
Дар шаҳрҳо маъмулан ба ин чиз аҳамият дода намешавад. Баъзе ронандаҳо ҳатто тасмаи бехатариро канда мепартоянд. Ин дар ҳолест, ки тибқи оморҳо дар нисф зиёди садамаҳои нақлиётӣ тасмаи бехатарӣ эҳтимоли зарар дидани ронанда ва мусофиронро ба маротиб коҳиш медиҳад, навиштааст торнамои turkmeninform.com.