баргард чоп кардан

Видеои баҳсбарангези “васиятномаи модар” ба Додоҷон

Рӯзи 24-уми июл дар Интернет, хитоб ба Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии "Ватандор", видеои 27-дақиқаӣ нашр шуд, ки дар пасманзари намоиши модари пири Додоҷон аз ӯ даъват мешавад, "аз роҳи туҳмату бадномкунии давлату миллат баргардад".

Дар ин навор аз қавли модари Додоҷон аз ӯ даъват карда мешавад, ки аз роҳи пешгирифтааш баргардад. Инчунин таъкид мешавад, ки "ба бадгӯию бадзабонӣ, туҳмату таҳқир тавассути барномаҳои телевизиониаш хотима бахшаду роҳи ислоҳро пеш гирад".

Ин навор дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтае пеш раиси ҷамоати Ворӯи Панҷакент ҳамроҳ бо се нафари дигар аз модари 83-солаи Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, талаб кардаанд, то аз фарзандаш бихоҳад, ки ба ватан баргардад. Яке аз наздикони Додоҷони Атовулло ба “Озодагон” гуфт, “онҳо дар аввал фақат модари Додоҷонро дидан мехостанд. Баъд пурсиданд, ки агар мехоҳад фарзандаш ба ватан баргардад, ҳамин ҷумларо такрор кунад. Модараш ҳам гуфт, мехоҳад, фарзандаш биёяд.”

ВИДЕОИ "ВАСИЯТНОМАИ МОДАР" БАРОИ ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛОҲ


Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, дар пайи даргириҳои дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда ва дар хориҷа ба сар мебарад. Ҳоло ӯ дар телевизиони “К+” барномаҳоеро дар бораи мақомдорони тоҷик ва вазъи сиёсии Тоҷикистон пахш мекунад. Навори тӯйи писари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ тавассути ин журналисти тоҷик дар “К+” пахш ва боиси сарусадоҳои зиёде дар ҷомеаи тоҷик гардидааст.