LG, Нyundai ва Petronas Carigali бо 240 млн доллар дар Туркманистон комплекси нафтӣ месозанд
Консорсиуми иборат аз ширкатҳои маъруфи Кореяи Ҷанубӣ -- LG International, Нyundai Engineering ва Petronas Carigali муваззаф шудаанд, ки дар тавсеаи иттиҳодияи полоишгоҳҳои нафтии Туркманистон саҳм гузоранд.
Бино ба иттилои расонаҳои Туркманистон ин кор бо 240 миллион доллар амалӣ хоҳад шуд. Консорсиум бояд, то охири соли 2015 комплекси полоиши нафтро дар Киянли, воқеъ дар соҳиби баҳри Каспий бунёд созад.
Ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ масъули лоиҳакашӣ, харидории маводи сохтмон ва ҷараёни комили корҳои сохтмонӣ хоҳанд буд.
Баъди анҷоми таҷдид корхонаҳои нафт дар шабонарӯз то 10 ҳазор баррел нафт ва 35 миллион метри мукааб гази табиӣ тавлид мекунанд.