баргард чоп кардан

Туҳфаҳои Путин ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҷмӯи медалҳои “Ба хотири 200-солагии Ҷанги Ватании соли 1812”-ро тақдим намудааст.

Тибқи иттилои сафорати Русия туҳфаҳои Путинро 31-уми июл Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ месупорад.

Маҷмӯаи медалҳои “Ба хотири 200-солагии Ҷанги Ватании соли 1812” дар Санкт Петербург бо истифодаи дастгоҳҳои медалсозони аввали асри 19 омода шудаанд ва хотироте аз ҳаводиси таърихии ҷанги ватании соли 1812-ро дар бар мегиранд.