баргард чоп кардан

Ҳоҷӣ Ҳусейн: “Мо омадем, аммо ҷониби Тӯраҷонзода ҳозир нашуд”

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 30-юми июл баррасии даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори саршиноси тоҷикро, аз болои се уламои Суғд ба таъхир гузошт. Ин тасмим ба далели ҳузур наёфтани вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова, ки намояндаи оқои Тӯраҷонзода дар ин баҳси додгоҳист, гирифта шуд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо соли гузашта дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.

Дар ин парвандаи шаҳрвандӣ Тоҳир Искандарӣ, хабарнигори “СТВ”, ки барномаи "Сӯҳбати озод"-ро гардонандагӣ мекард, низ ҷавобгар мебошад.

Аммо Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, ки рӯзи сиюми июл ба додгоҳи Хуҷанд ҳозир шуда буд, дар сӯҳбат ба “Озодагон” даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷозодаро беасос донист. Ӯ гуфт, “Тоҷикистон давлати демократӣ ва озод аст. Ҳар кас ҳаққи худашро метавонад ҳимоя кунад, лекин он даъвое, ки гӯиё дар барномаи мо таҳқир буд, ин даъво нодуруст аст. Имрӯз даъват карда буданд, омадем. Аммо ҷониби даъвогар наомад, ҳозир нашуд.”

Бо ин ҳол, аз даъвои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба додгоҳ як сол мегузарад, вале ҳанӯз додгоҳ хулосаи худро баён доштааст. Ҳамакнун, интизор меравад ин баҳс рӯзи 31-уми июл дар додгоҳи Хуҷанд идома ёбад.