баргард чоп кардан

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол ба Бишкек рафт

Ҳайати 23 нафараи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар “Ҷоми Дӯстӣ-2013” ба шаҳриБишкек сафар кард.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Дӯстӣ-2013”, ки аз як давра иборат аст, аз 3-юм то 7-уми августи соли равон дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.

Чикаши Сузуки, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои ширкат дар “Ҷоми Дӯстӣ” 18 бозигар, аз ҷумла 2 дарвозабон, 4 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.

Дастаи наврасони Тоҷикистон рӯзи 3-юми август, бо мизбонон сабқат хоҳанд кард. Худи ҳамон рӯз дастаҳои наврасони то 16-солаи Озарбойҷон ва Белорус низ бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонҳо: Шаҳром Исмоилов (“Вахш”), Беҳрӯз Хайриев (“Нури Норак”);

Ҳимоятгарон: Алишер Сафаров (РШВСМ), Абубакр Азимов (“Равшан”), Сироҷиддин Гулмуродов (“Нури Норак”), Фируз Ризомов (“Вахш”);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадҷони Хасан (“Равшан”), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоков (ҳарду - “Вахш”), Муҳаммад Шарипов, Ҳаким Ҳасанов, Ҷамшед Махсумов, Табрези Давлатмир (ҳама - РШВСМ), Суҳроб Муминов (“Энергетик”), Саиҷон Шарипов (“Эсхата”);

Ҳамлагарон: Рустам Толибов, Собирҷон Гуляков (ҳарду - РШВСМ), Ҳикматулло Муллодустов (“Саройкамар”).

Ҳайати роҳбарикунанда: Меҳроҷиддин Холов – менеҷери тим, Чикаши Сузуки – сармураббӣ, Қаноат Латипов - мураббӣ, Мухтор Курбонов - мураббии дарвозабон, Абдусаттор Қаландаров – духтур.

Тақвими бозиҳои “Ҷоми Дӯстӣ-2013"
Дарври 1-ум
3-юми август (шанбе)
18:30 - Озорбойҷон - Белорус
18:30 - Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 2-юм
5-уми август (душанбе)
18:30 – ТОҶИКИСТОН - Озорбойҷон
18:30 - Белорус – Қирғизистон

Даври 3-юм
7-уми август (чоршанбе)
9:00 - ТОҶИКИСТОН - Белорус
10:00 - Қирғизистон - Озорбойҷон