баргард чоп кардан

Туҳмат

Туҳмат
(Ба умеди раҳмати Ҳақ дар ин моҳи муборак)

Туҳмат вожае маълум бо шаклҳои гуногун аст, аммо ба ҳамагон “ошно”. Он гоҳо беихтиёр ва баъзан ихтиёрӣ ба забон меояд. Афроде ҳам аз анҷом додани як чунин амалҳое марбут ба туҳмат даст намекашанд.

Беҳтараш андешаи худамро дар бораи ин калима ва бардоштҳоямро дар ин бора бигӯям. Миёни мардуми Чин як зарбулмасал аст, ки "касе, ки туҳмат мезанад ҳазор бор мекушад ва қотил як бор". Барои мо ва шумо ки борҳо ба туҳмат рӯ ба рӯ шудаем, фаҳмидани ин андарз кори сахте нест. Дар ин рӯзҳои моҳи меҳрубонӣ ва дар шабҳое, ки сарнавишти бандагони Худоро рақам мезананд, чи беҳтар аст бо тарки одати бади "туҳмат задан" талош кунем.

Бадтарин шакли дурӯғ.
Дар ҳақиқат ғайбат ё туҳмат, бадтарин навъи дурӯғ аст ва агар чи дар бораи касе дар набуданаш суҳбат шавад, ғайбат ба шумор меояд ва инсон дар ҳақиқат ду гуноҳ гирифта аст; яке дурӯғ ва дигари ғайбат. Худованд дар ояи 211 сураи Нисо мефармояд: "Касе, ки хато ё гуноҳи муртакиб шавад, сипас бегуноҳеро муттаҳам кунад, бори гуноҳи каси дигареро бар дӯш гирифта аст". Туҳмат задан ба бегуноҳе аз гуноҳони кабира ба ҳисоб меравад. Туҳмат задан ба шахсони бегуноҳ ба рӯҳи эмон созгор нест.

Дар баробари шунидани туҳмат чӣ бояд кард?
Яктарафа ба қозӣ наравед. Бо шунидани як овоза ё хабар, билофосила қазоват ё ҳукм накунед ва даст ба коре назанед.

Паёмадҳои бади иҷтимоии туҳмат
Натиҷаи бӯҳтон ё туҳмат дар ҷомеа ин хоҳад буд, ки низоми иҷтимоӣ дер ё зуд аз ҳам бипошад ва адолати иҷтимоӣ аз байн биравад. "Ҳақ"- "ботил" ва "ботил"- "Ҳақ" нишон дода шавад, бегуноҳон муттаҳаму гирифтор шаванд ва гуноҳкорон осудаву озод бошанд, гумони хуб ба гумони бад табдил шавад ва эътимоду боварии умумии мардум ба якдигар аз байн рафта ва заминаҳои ‎беназмӣ фароҳам шавад.

Худро аз туҳмат дур нигаҳ доред
Гоҳо намешавад пеши даҳон туҳматкунандаро гирифт, аммо беҳтарин кор барои пешгирӣ аз туҳмат худро аз назараш дур кунем ва дар пеши чашмаш набошем.Ва аз маҳалли туҳмат барҳазар бошем ва дурӣ кунем, ҳамчунин аз маҷлис ё маъракае, ки дар он гумони бад бурда мешавад дур бошем.

Азоби туҳматзананда дар охират
Расул(с)-и Худо фармуданд: "Касе, ки барои бадном кардани мусалмоне сухане мезанад, нодурустеро мегӯяд, ки мусалмон дар он вуҷуд надорад, Худованд вайро дар оташи зиндон мекунад, то замоне, ки сухани худро собит кунад".

Фаромуш накунем, ки:
Туҳмати “ночиз” ҳам метавонад монанди санги хурде бошад, ки дар дарёча меандозем, аммо ба гирдбоди калон табдил шуда, зиндагии дигареро бесубот ва ҳаёти хушро барҳам занад. Пас ҳар замоне, ки забонро ба овоза ё дурӯғ боз мекунем, фаромуш накунем,ки бо сарнавишти худ ва дигарон бозӣ мекунем!

Муҳаммадисмоил Бурҳонов, махсус барои "Озодагон"