Парлумони Исроил билохира байрақи Фаластинро овезон кард
Барои нахустин маротиба дар 14 соли ахир парлумони Ислоил байрақи Фаластинро барафрохт. Дар ин бора радиои «7 канал»-и Исроил хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи сипаришуда, 31-уми июл дар парлумони Исроил беш аз 30 вазир ва аъзои Кнессет бо намояндаҳои воломақоми Фаластин мулоқот кардаанд.
Абдулло Абдулло, як сиёсатмадори фаластинӣ гуфтааст, аз дидани байрақи барафрохтаи кишвараш дар баробари ливои Исроил хеле мутаасир шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин қадами хеле муҳим барои оғози даври навбатии музокироти сулҳ мебошад.
Абдулло Абдулло дар навбати худ ба вакилони исроилӣ даъватномаи Маҳмуди Аббос, раҳбари давлати худгардони Фаластинро барои ташриф ба парлумонтаслим кардааст. Ба қавли ӯ, Аббос гуфтааст, замони ҳузури сиёсатмадорони исроилӣ дар парлумони кишвараш байрақи Исроилро овезон хоҳанд кард.