баргард чоп кардан

Наврасони тоҷик дар “Ҷоми Дӯстӣ” мизбонҳоро “голборон” карданд

Рӯзи 3-юми август, Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), оид ба футбол дар нахустин бозии “Ҷоми Дӯстӣ” бо наврасони то 16-солаи Қирғизистон қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 7 : 2 ғолиб баромаданд. Аз ин 4 голашро футболбози тоҷик, Худойдод Узоқов ба нишон расондааст.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Дӯстӣ-2013”, ки аз як давра иборат аст, аз 3-юм то 7-уми августи соли равон дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.

Чикаши Сузукӣ, сармурраббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои ширкат дар “Ҷоми Дӯстӣ” 18 бозигар, аз ҷумла 2 дарвозабон, 4 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.

Ҳамчунин имрӯз мунтахаби наврасони тоҷик бо дастаи Озарбойҷон соати 17:30 вориди сабқат мешаванд.

Тақвими бозиҳои “Ҷоми Дӯстӣ-2013"
Дарври 1-ум
3-юми август (шанбе)
18:30 - Озорбойҷон - Белорус
18:30 - Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 2-юм
5-уми август (душанбе)
18:30 – ТОҶИКИСТОН - Озарбойҷон
18:30 - Белорус – Қирғизистон

Даври 3-юм
7-уми август (чоршанбе)
9:00 - ТОҶИКИСТОН - Белорус
10:00 - Қирғизистон - Озорбойҷон