баргард чоп кардан

Суғд: Боздошти 21 узви ҲИӮ ва 7 аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир»

21-нафар аз пайравони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар қаламрави вилояти Суғд боздошт карда шудаанд.


Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД-и ин вилоят хабар доданд.

Ба иттилои идораи умури дохилии Суғд, 5 нафар аз ин теъдод дар урдугоҳҳои махсус, оид ба ташкил намудани «ҷиҳод» таълим гирифта, дар нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқ  нияти содирнамоии ҷиноятҳои терористиро доштаанд.

Манбаъ афзуд, ҳамаи аъзоёни ин гурӯҳ сокинони маҳаллӣ буда,  17 нафар аз ин теъдод сокинони Исфара ва 5 нафар сокинони Истаравшан маҳсуб мешуданд. Тайи шаш моҳи соли равон  7 нафар аъзоёни ҳизби динӣ-ифротии «Ҳизб-ут-таҳрир» низ муайян ва дастгир карда шудаанд.{jathumbnail off}