Тавваллуди нахустин духтар аз ҳамли сунъӣ дар Тоҷикистон
Аз ҳамли сунъӣ дар Тоҷикистон, ки тайи ду соли охир амалӣ мешаваду то ҳол танҳо бача ҳосил медод, ниҳоят аввалин духтар низ таваллуд шуд.
Шамсиддин Қурбонов, муассис ва директори маркази тиббии “Насл”, мегӯяд, духтарак таърихи 9-уми август, бо вазни 3200 грам таваллуд шудааст. Раҳбари маркази “Насл” саломатии навзодро хуб арзёбӣ карда, гуфт, ки феълан кудак дар пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии акушери гинекологӣ ва перинатологӣ қарор дорад: “То ин замон кудакони ҷинси мард таваллуд мешуданд. Ҷинси зан низ ҳамл мегардид, аммо баъдан онҳо исқот шуда буданд. Пажӯҳишҳои мо ҳоло идома дорад.”
Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз бештар аз 50 оила аз барномаи ҳомиладоркунии берун аз раҳми модар истифода карда, 16 зан ҳомила шудааст. То ба ҳол 4 зан, 6 писар таваллуд кардаанд. Аз ин 2 ҳолати таваллуди дугоник ва 2 ҳолати таваллуди танҳо ба қайд гирифта шуда, таваллуди духтарак ҳолати 5-ум аз ҳамли сунъӣ мебошад.