баргард чоп кардан

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ноком гаштанд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи бокс дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми губернатори шаҳри Санкт – Петербург» ба комёбӣ ноил нагардид.


Варзишгарони тоҷик Давронҷон Шокиров (вазни 52 кг), Анвар Юнусов (вазни 56 кг), Эраҷ Мавлонов (вазни 56 кг), Одилхон Фурқатҷонӣ (вазни 60 кг) ва Назири Пиракӣ (вазни 64 кг) дар даври якуми мусобиқа аз ҳуқуқи давом додани қувваозмоӣ маҳрум шуданд. Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа беш аз 100 нафар боксчиёни дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон, Исроил, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Русия, Санкт – Петербург, Тоҷикистон, Шветсия, Украина ва Ӯзбакистон ширкат доштанд.
Дар ҳамин ҳол, Мададӣ Нағзибеков, як ҳамватани мо, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби шаҳри Санкт – Петербург қувваозмоӣ менамуд, дар вазни то 60 кг ғолиб омада, барандаи нишони тилло гардид. {jathumbnail off}