Раҳмон мардум ва президенти Покистонро шодбош гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як пайём ба президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, мардуми ин кишварро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлолияти Покистон шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар пайёмаш гуфтааст, “изҳори итминон менамоям, ки равобити воқеан дӯстонаи байни кишварҳои мо дар такя ба анъанаҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ дар оянда низ густариш ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд гашт.”
Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии Тоҷикистонро барои тавсеаи ҳамкориҳо бо Покистон баён дошта, ба президенти Покистон сиҳатии комилу пирӯзиҳо ва ба мардуми Покистон суботи пойдор ва хушбахтиву рифоҳ таманно намудааст.