баргард чоп кардан

Ноболиғон дар Душанбе корхонаи “Брокери хизматгузорӣ-гумрукӣ”-ро ғорат кардаанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон се ноболиғро ҳамчун гумонбар дар дуздии амволи корхонаи ҶДММ “Брокери хизматгузорӣ-гумрукӣ” дар Душанбе дастгир кардааст.

Тавре аз ниҳоди мазкур ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ноболиғон-Аминҷон Аламов соли таваллудаш 1997, сокини кӯчаи Фирдавсӣ, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №5, Рустам Баротов соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Кӯлоб, хонандаи синфи 6-уми литсейи махсуси касбии №1 ва Ҳалимов Ҷаҳонгир соли таваллудаш 1998, сокини кӯчаи Деҳотии пойтахт, намехонад, дастгир карда шуданд.

Бино ба нақли манбаъ, ноболиғон рӯзи 28-уми июли соли равон, тирезаи корхонаи ҶДММ “Брокери хизматгузорӣ-гумрукӣ”, воқеъ дар кӯчаи Шоҳтемурро шикаста аз онҷо 1-адад компютери тамғаи “Самсунг”, 2-адад протсессори компютер, ҷамъ ба маблағи умумии 3000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.