баргард чоп кардан

Тоҷикистон бо ҳисоби 3:0 бар Ҳиндустон пирӯз шуд

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон дар майдони “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.

Тавре хабарнигори Озодагон аз майдони футбол хабар дод, голи якумро Нуриддин Давронов, футболбози тоҷик дар дақиқаи 11-ум зада, голи дуюмро дар дақиқаи 19-ум Фатҳулло Фатҳулоев вориди дарвозаи Ҳиндустон кард. Голи сеюмро Адҳам Ҳамроқулов дар дақиқаҳои иловагии бозӣ ба ҳадаф расондааст.

Аз ин пеш, мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳинд се маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Нахустин дидор, 13-уми августи соли 2008 дар Ҳайдарободи Ҳиндустон дар чорчуби қисми ниҳойии Ҷоми даъвати АФК сурат гирифт ва мусовӣ: 1:1 анҷом ёфт. Баъди дувоздаҳ рӯз ду даста дар бозии финалии сабқати мазкур вориди рақобат шуданд. Ин навбат ҳиндуҳо бар ивази чор гол, танҳо як туб сар доданд.

Маротибаи сеюм тимҳои миллӣ 9-уми марти соли сипаришуда, ҳамчунин дар даври гуруҳии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар шаҳри Катмандуи Непал бозӣ карданд. Бозӣ 2:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар рейтинги ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 114 ва мунтахаби Ҳиндустон дар ҷои 145-ум қарор доранд.