баргард чоп кардан

Футболбоз бар ивази 15 миллион евро ба клуби дигар гузашт

Клуби футболи «Волфсбург»-и Олмон дар торнамои расмияш навиштааст, ки Луис Густаво, нимҳимоятгари «Бавария»-и Мюнхен ва бозигари тими миллии Бразилия ба ҳайати ин даста пайвастааст.

Ба иттилои манбаъ, муҳлати қарордоди «Волфсбург» ва Густаво то соли 2018 пешбинӣ шудааст. Нашрияи Bild-и чопи Олмон маблағи трансфери футболбозро 15 миллион евро гуфтааст.

Ба навиштаи Bild Густаво «Бавария»-ро бо машварати Луис Фелип Сколари, сармураббии тими миллии Бразилия тарк намудааст. Сколари гуфтааст, ки шояд исми ӯ дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (МҚҶ) дар соли 2014 ворид нашавад.

Луис Густаво аз соли 2011 дар ҳайати бошгоҳи «Бавария» бозӣ мекунад. Дар ҳайати тими миллии Бразилия ӯ 13 маротиба ба майдон баромадааст.

Дар акс: Луис Густаво (сурат аз Reuters)