Шӯрои парлумон тавофуқоти Путину Раҳмонро дар мавриди муҳоҷират баҳс кард
Имрӯз, 21-уми август, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро баррасӣ кардааст.
Ин созишнома, ки яке аз тавофуқоти Путину Раҳмон, дар моҳи октябри соли 2012 буд, ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия сабукиҳо, аз ҷумла ҳақ медиҳад, ки давоми 15 рӯз бе қайд дар қаламрави Русия ҳузур дошта бошанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти парлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯро инчунин як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Тоҷикистон, аз ҷумла «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», - мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.