баргард чоп кардан

Боздошти як сокини Масчо бо 4 килову 857 грамм ҳашиш

Дар шимоли кишвар ҳудуди 5 кг маводи мухаддир мусодира гардид.


Тавре ба хабарнигори «Озодагон» аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди бинои истиқоматии № 33 кӯчаи Победаи шаҳри Чкаловск шаҳрванд О.С., сокини 31- солаи рустои Хадишаҳри ноҳияи Мастчо  дастгир карда шудааст. Аснои кофтукоби шахсӣ аз ӯ, як халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш 5-адад бастаҳои бо маводи ҷигариранги фишурдашудаи бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Тибқи иттилоъи ШТК РКД,  маводи мазкур навъи ҳашиш буда, вазни хоси он 4 кг. 857 гр-ро ташкил намудааст. «Оиди ин ҳодиса пар- вандаи ҷиноӣ  бо моддаи 200 қисми 3 ( муомилоти ғайриқонунии  воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  {jathumbnail off}