баргард чоп кардан

Омбудсмени тоҷик ба духтарчаи гурезаи афғон паноҳгоҳ дод

Дафтари матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар як духтарчаи гурезаи афғон бо паноҳгоҳ таъмин шудааст.

Ба иттилои манбаъ моҳи марти соли равон ба дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумот ворид гардид, ки духтараки ноболиғе аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаасту паноҳгоҳ меҷӯяд: “Аз ҷониби кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон духтараки ноболиғ дарёфт шуда, баъдан барои мусоидат намудан баҳри эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ, кормандони дафтари омбудсмен як силсила чораҳо андешиданд.”

Дафтари омбудсмени тоҷик мегӯяд, айни замон Ф.М. бо ҷои хоби доимӣ ва таълим фаро гирифта шудааст.