Ҳукумати Масчоҳ мегӯяд, Нурмуҳаммад Ғайбуллоев худаш аз имомхатибӣ даст кашид
Ҳукумати ноҳияи Куҳистони Масчоҳ мегӯяд, Нурмуҳаммад Ғайбуллоев, имомхатиби масҷиди деҳаи “Худгифи-соя”-и ноҳия бо хохиши худ аз вазифааш даст кашидааст.
Мирзохон Раҳимов, мудири бахши оид ба корҳои дини ҳукумати ноҳияи Масчоҳ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “Ғайбуллоев худаш тариқи телефон бо мо суҳбат карда гуфт, дигар шароити имомхатибӣ кардан надорам ва аз ин мақом даст мекашам. Баъд аз ин мо ин масъаларо баррасӣ кардем”.
Раҳимов марбут будани ин казияро ба ҷаласаи бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рад карда гуфт, Ғайбуллоев узви ҲНИТ нест ва ӯ ягон иртиботе бо ин ҳизб надорад. Ин дар ҳолест, ки торнамои расмии ҲНИТ - nahzat.tj аз барканории Нурмуҳаммад Ғайбуллоев, имомхатиби масҷиди деҳаи “Худгифи-соя”-и ноҳияи Куҳистони Масчоҳ барои баргузории ҷаласаи ноҳиявии ин ҳизб дар хонааш хабар дода буд.
Ин торнамо мегӯяд, рӯзи 23-юми августи соли ҷорӣ ҳангоми адои намози ҷумъа мақомоти маҳаллии ноҳияи Куҳистони Масчоҳ эълон кардаанд, ки Нурмуҳаммад Ғайбуллоев имомхатиби масҷиди деҳаи Худгифи-соя аз мақомаш сабукдуш шудааст.