баргард чоп кардан

Омодагии шаҳрвандони Туркманистон барои таҷлили “Рӯзи дучархасаворӣ”

Тамрини ниҳоии дучархасавории шаҳрвандони Туркманистон барои омодагӣ ба ҷашни “Дучархаронии дастаҷамъонаи туркман” поён ёфт.

Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, ин тамрин имрӯз 27-уми август дар кучаву хиёбонҳои марказии шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон бо иштироки садҳо нафар баргузор гардид.

Манбаъ мегӯяд, ин тамрин аз тамринҳои пешин бо он фарқ дошт, ки ранги либоси варзишии кормандони ҳар муассиса ё донишгоҳ ба ҳамдигар монанд набуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастури Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, рӯзи 1-уми сентябр дар ин кишвар “Рӯзи дучархасаворӣ” эълон гардида буд. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Туркманистон ин иқдом ба хотири беҳтар гардидани саломатии инсон, ҳифзи муҳити зист ва машҳур гардидани варзиши дучарха гирифта шудааст.

Дар ин рӯз, тамоми шаҳрвандони Туркманистон аз кӯдакон сар карда, то донишомӯзони макотиби олию миёна ва кормандони муассисаҳои давлатию хусусӣ бояд дар кӯчаҳо савори дучарха шаванд. Соли 2012 ВАО-и Туркманистон аз он хабар дода буд, ки ин кишвар талош дорад, ҳаққи гузаронидани мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дучархасавориро ба даст орад.