Ҳуқуқшинос бозпурсиҳои ташкилкунандагони “флешмоб”-ро “таъқиб” гуфт
Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, мақомот ҳақ надоранд аъзои гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" ва наздикони Зайд Саидовро барои ташкили флеш-моб ва ё маъракаи ҳамраъйӣ бо ин соҳибкор даъвату бозпурсӣ намоянд.
Бузургмеҳр Ёров, имрӯз, 28-уми август, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои ташкили чунин маърака тибқи қонун гирифтани ҳеч гуна иҷозат лозим нест. Ба қавли номбурда аз ҷамъ омадани онҳо ягон амали ғайриқонунӣ дида намешавад, ба касе зарар нарасондаанд ва касеро назадаанд.
Ин ҳамсуҳбатамон илова намуд, ки мақомот баръакс бояд барои бехатарии ҷамъомадагон чораҳои заруриро биандешанд, “аммо ин ҷо баръакс мақомот ба ҷои он, ки функсияи худро иҷро кунад, онҳоро таъқиб менамоянд ва намегузоранд, ки одамон ҳуқуқҳои худро озодона истифода намоянд.”
Ин дар ҳолест, ки мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар пайи баргузории флеш моб панҷ писари Зайд ва ташаббускорони ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Ин даъвату бозпурсиҳо дар ҳолеянд, ки рӯзи 27-уми август, аз боздошти Зайд Саидов расо сад рӯз пур шуд ва дар маркази Душанбе ба ҷонибдории ӯ як флэш-моб ташкил гардид. Дар флешмоб беш 50 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ гардида ба хотири раҳоии Зайд Саидов, ки расо 100 рӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад, сад кабӯтар ва як акси калони Зайд бо пуфакҳои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд.
Ин иқдом аз тарафи гуруҳи ташаббускорони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” гирифта шуда, ба гуфтаи онҳо, мақсади он ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қазияи Зайд мебошад.