баргард чоп кардан

Кашфу мусодираи аслиҳа ва муҳимоти низомӣ дар пойтахт

Аз комбинати масолеҳи сохтмонии воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе лавозимотҳои ҷангӣ ба миқдори зиёд дарёфт ва мусодира карда шуд.


Тавре ба « Озодагон» аз ВКД хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз қаламрави ин муассиса, 18-адад норинҷаки тамғаи «РГД-5», 11-адад норинҷаки тамғаи «Ф-1», 13-дона тири «БМП», 4-дона тири «БТР» мусодира карда шуд.

Ҳамчунин манбаъ қайд кард, ки дар вақти корҳои ҷустуҷӯй боз  4-адад тири подстволник, 1-адад снаряди норинҷакандоз, 1886-дона тири 5,45 мм., 2262-дона тири 7,62 мм., 23-дона тири пулемёти (КПВТ), 800-дона тири пулемёти «РПК», 2-адад лавозимотҳои ҷангии мина (корношоям) аз ҷониби кормандони раёсати корхои дохилии ҷумҳури дарёфт ва мусодира карда шуд.{jathumbnail off}