«Хет-трик»-и Месси дар ним соат
Лионел Месси, ҳамлагари тими «Барселона»-и Испания дар ним соат се гол зад.
Ин тубҳоро ӯ дар доираи даври сеюми мусобиқаи Испания ба дарвозаи «Валенсия» ворид кард. Месси аз дақиқаи 11-ум то 41-ум се гол зада пирӯзии дастаашро таъмин кард. Бозӣ бо ҳисоби 3:2 поён ёфт. Муаллифи голҳои «Валенсия» Элдер Поштига мебошад.
Месси ҳоло бо панҷ гол дар садри нишонзанҳои беҳтарини сабқати футболи Испания қарор дорад. Ду голи аввалро ӯ дар даври аввали мусоибқа ба дарвозаи «Леванта» зада буд. Дар он бозӣ «Барселона» бо ҳисоби 7:0 дастболо шуд.
«Барселона» ҳоло бо нуҳ имтиёз дар садри ҷадвали сабқат қарор дорад. «Атлетико»-и Мадрид дар ҷои ду ва «Виллярреала» дар мақоми сеюманд.