баргард чоп кардан

Шоҳиён иддаои Зоировро, ки Раҳмон дигар ҳаққи президентшавӣ надорад, беасос хонд

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР), рӯзи 6-уми сентябр дар мулоқот бо хабарнигорон иддаои Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ-ро, ки гуфт, Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон ҳаққи пешбарии номзадиашро дар интихобот надорад, беасос хонд.

Шоҳиён аз ҷумла гуфт, Зоиров ҳанӯз 8-9 сол пеш ин масъаларо бардошт, ки Эмомалӣ Раҳмон дигар ҳаққи пешниҳоди номзадияшро надорад: "Он замон ва чанде пеш ҳам ҳуқуқшиносон ба ӯ ҷавоб гуфтанд. Эмомалӣ Раҳмон ду муҳлат пайдарҳам метавонад, номзадияшро пешниҳод кунад.”

Дар мавриди дастрасии аҳзоби мухолиф ба радио ва телевизион раиси КМИР афзуд, 8 ҳизб дар Тоҷикистон ҳаққи пешбарии номзади худро доранд ва ин масъаларо дар анҷуманҳои худ аз 17-уми сентябр то 7-уми октябр рӯшан хоҳанд кард: “Вақте номзадро пешниҳод карданд, баъди санҷиш ин шахс расман дар КМИР сабт мешавад ва маъракаи таблиғотӣ шуруъ мегардад. Дар ин ҷо КМИР масъул аст, ки барои ҳамаи номзадҳо шароити якхеларо фароҳам орад.”

Шоҳиён илова кард, дар кишвар 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3180 қитъаҳои раъйдиҳӣ ташкил хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Шоҳиён, КМИР тавсия додааст, ки масъулини қитъаҳои овоздиҳӣ аз ҳисоби созмонҳои ғайридавлатӣ гирифта шаванд, “то фардо нагӯянд, ки КМИР яктарафа кор карда истодааст. Инчунин мо аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуқуқшиносонро даъват намудем, ки раванди интихоботро назорат мебаранд.”