Бахши минтақавии бонкҳо кормандонро ба кор қабул карда наметавонанд
Дар навоҳии минтақаи Кўлоб тақрибан бахшҳои ҳамаи бонкҳои дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта кор мекунанд.
Дар ҳар филиал на камтар аз 20-нафар машғули коранд ва аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, як амали раҳбарони бонкҳои марказӣ ба гумони коршиносон, норўшан асту миёни шаҳрвандон ихтилофи назарро ба вуҷуд меорад, яъне усули ба кор қабул кардани ин ниҳодҳои молӣ ҳанӯз норӯшан аст. Гуфта мешавад, дар дилхоҳ бахши бонкӣ маъмурияти бахшҳо ҳуқуқи ба кор даъват кардану қабул кардани кормандро надорад.
Сайфиддин Қадамов, раиси бахши «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кўлоб мегўяд, «барои ба кор қабул намудан озмун эълон мешавад. Довталабон, ё худ корҷўён ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод мекунанд, пасон намояндагони бонки марказӣ омада, дониши эшонро месанҷанд ва нафарони аз санҷиш гузашта, бо иҷозаи комиссияи махсус ба кор гирифта мешаванд. Ин амал барои шафофият ва ба истилоҳ «тағобозӣ» накардан иҷро мегардад, дар акси ҳол роҳбарони бахшҳо метавонанд танҳо шиносу наздикони худро ба кор даъват кунанд».
Роҳбарони дигар филиалҳои бонкҳои минтақавӣ низ аз ҳамин гуфтаи ҷаноби Қадамов пуштибонӣ карданд. Аммо роҳбари бахши бонки молиявии хурд, ё худ «Бонки Оғохон» ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, бонки марказии Оғохон дар шаҳри Душанбе, ҳар пешниҳоди моро дар мавриди ба корқабулкунй истиқбол мекунад ва бо бахшҳои худ дар минтақаҳо мувофиқ мебошад.
Раиси бахши «Амонатбонк»-и шаҳри Кӯлоб низ ба гуфтаи Қадамов тақрибан муқобил ҳарф гуфт. Ба қавли ў, бахшҳои ин бонк метавонанд, ба мўҳлати 3-моҳи санҷишӣ довталабонро ба кор қабул кунанд ва баъдан бо гузаштан аз ин марҳила, мустақилона ва бе ризоияти бонки марказӣ мутахассисонро ба кор бигиранд.
Зимнан коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, усули бакорқабулкунӣ бо иҷозаи бонкҳои марказӣ далолат аз бовар надоштан ба дониши кормандони бахшҳо ва ё пешгирӣ аз «тағобозиву» коррупсияро дорад. {jathumbnail off}