баргард чоп кардан

Райиси ИЖТ Акбари Саттор ба Қазоқистон меравад

Намояндагони КМИР-и Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Қазоқистон назора хоҳанд кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дастгоҳи марказии ин комиссия иттилоъ доданд, сармутахассиси  КМИР, ҳамзамон райиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов ва Насимҷон Муродов, ҳуқуқшиноси комиссияи мазкур ба ҳайси нозир аз ҷумҳурии мо баргузида шудаанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки интихоботи парлумони Қазоқистон 19 августи соли 2011 баргузор гардида, алҳол тибқи гузоришҳои КМИР-и Қазоқистон 56 намоянда барои рақобат ба курсии вакили сенати ин кишвар номнавис шудааст. Гуфтанист, ба  сенати Қазоқистон 32 вакил аз 16 минтақаи ин кишвар ба мӯҳлати 6 сол интихоб гардида, 15 вакили дигарро президент таъин менамояд. Дар маҷмӯъ сенати Қазоқистон аз 47 вакил иборат аст.{jathumbnail off}