баргард чоп кардан

Президент дар бораи айёми кӯдакияш китоб менависад

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар бораи айёми кӯдакияш китоб менависад.

Дар ин бора Бердимуҳаммадов ба “Тdh.gov.tm”, хабаргузории расмии Туркманистон хабар додааст. Ӯ гуфтааст, китоберо таълиф дорад, ки он дар бораи ҳикматҳои зиндагие, ки ҳанӯз дар даврони кӯдакӣ омӯхтааст, ҳикоя мекунад.

Инчунин ба гуфтаи раисиҷумҳури Туркманистон, дар ин китоб дар бораи шахсиятҳои беназире, ки ӯ дар тули ҳаёташ вохурдаву боиси хушбахтиаш шудаанд, гуфта мешавад.

Бердимуҳаммадов мегӯяд, ҳадаф аз таълифи ин китоб ошно намудани хонандагон бо хотироти равшану поки айёми кӯдакии ӯ мебошад, ки ба гуфтаи раисиҷумҳур эътимоди хонандаро ба дӯстии самимонаву боварӣ ба андешаҳои содиқона зиёд мекунад.

Бар асоси манобеи хабарӣ, то кунун тақрибан 5 китоби раисиҷумҳури Туркманистон аз чоп баромадааст, ки машҳуртарини онҳо, “Манобеи илмӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ дар Туркманистон” ва “Охолтекинӣ- ифтихору ғурури мо” мебошад.