баргард чоп кардан

ВИДЕО: Баҳси мусиқӣ ва сулҳ дар осорхонаи Шаҳидӣ

Абдулазизи Восеъ

Нақши фарҳанг ва мусиқӣ дар таҳкими сулҳ баъди хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 яке аз мавзӯъҳои меҳварии мизи мудавваре буд, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии сулҳ дар Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ сурат пазируфт.


Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори Фонди байналмилалии фарҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ созмон ёфт, таъкид шуд, ки соли 2014 баъди аз хоки Афғонистони ҳамҷавор берун рафтани неруҳои НАТО кишварҳои минтақаро зарур аст, бо истифода аз фарҳанги баланди сулҳофарӣ дар амнияти давлати исломӣ саҳмгузор бошанд. Дар соли ояндаи 2014 қушунҳои НАТО аз Афғонистон бароварда мешаванд. Боз ҳам миқдор техникаи ҳарбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Барои ҳамин коршиносони зиёд соли 2014-ро соли озмоиш барои кишварҳои минтақа дар ҷодаи сулҳу сулҳпарварӣ мешуморанд. Аз ин сабаб муттаҳидсозии неруҳои сулҳпарвар аз дохил ва пурзӯр намудани тавоноиҳои сулҳпарварӣ дар маҳалҳо ва ҷаҳон ҳадафи аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандии ҷаҳонӣ мебошад”,-изҳор шуд дар мизи гирд.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани хадамоти дастраскунандаҳои интернет бо таасуф гуфт, имрӯз дар тамоми ҷаҳон сулҳофариро ба мардуми низомӣ, ба онҳое ки табиатан хоҳишманди ҷанганд, бовар мекунанд: “Нерӯ ва тавонмандии фарҳанг барои сулҳофаринӣ фаромӯш гардида, аз он истифода намешавад. Барои таъсиси созмонҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ, ки ҳадафашон ҳифзи амният асту бештари онҳо ба тақвият бахшидани неруҳои мусаллаҳ тамарқуз кардаанду ҳамеша бо аслиҳа муҷаҳҳаз мешаванд, маблағҳои зиёде сарф мешавад. Аммо фарҳанг, ки метавонад дар таҳкими сулҳ нақши муассир дошта бошад, канор мондааст”.



Мунира Шаҳидӣ, роҳбари осорхонаи фарҳанги мусиқавии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ низ дар навбати худ аз асарҳои фарҳангии сулҳофарини гузаштаҳои тоҷикон ёд овард. Ба қавли ӯ дар берун шудани неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз қаламрави Афғонистон нақши ин фарҳангҳо муассир буд: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳануз намедонад, ки аҳли фарҳанги тоҷик барои суръат бахшидан ба ин раванд хеле кӯмак кардааст”.

Хонуми Шаҳидӣ афзуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба унвони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон мешиносад, “аммо мо ҳамчун таъсис ёфтани робитаҳои хоси фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон медонем”.

“Ҳоло ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб аз сулҳи алтернативӣ ё худ сулҳи тавассути илму фарҳанг бештар ҳарф мезананд, ман фикр мекунам тоҷикон барои таъсис ёфтани илми сулҳи алтернативӣ дар ҷаҳон хизмати бузурге кардаанд, вале ин саҳм дар ҷаҳон шинохта нашудааст, аҷибаш ин аст, ки ҳатто қабул ҳам нашудааст”,-илова намуд роҳбари осорхонаи фарҳанги мусиқавии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ.

Саидаҳмад Қаландаров, раиси Маркази таҳлилу ахбори “Сипеҳр” аз нақши театр дар таҳкими сулҳ сухан гуфт. “Имрӯз аз бохтҳои бисёре, ки дар замони Шӯравӣ доштем мазамат мекунем, аммо дар ин баробар набояд фаромӯш сохт, ки Шӯравӣ барои ба вуҷуд омадани як ҷавҳари асил дар фарҳанги миллии мо хидмати зиёде кардааст. Агар чӣ дар Бухоро, Ҳуқанд ва Хоразм қабл аз Шӯравӣ театр ё намоишномаҳои сайёри саҳнавӣ вуҷуд дошт, аммо театри касбӣ мавҷуд набуд. Театр тули наздик ба 70 сол ва то имрӯз хушбахтона мубалиғи аслии сулҳ дар саҳна буд”.
Ҷаноби Қаландаров ҳамчунин аз рушди санъати синамо ёд овард, ки тавонист дар таблиғи фарҳанги сулҳофарӣ хизмати шоистае намояд.

Сиддиқ Мансур Ансорӣ, донишманди афғон ҳам тавассути интернет ба баҳсҳои мизи гирд пайваст ва аз нақши фарҳанг дар таҳкими сулҳ дар кишвараш гуфт. Ӯ аз заҳмати ҳунармандони тоҷику афғон дар ин замина ёд овард. Меҳмони дигари ҳамоиш Нандина, донишманди ҳинд буд, ки аз решаҳои таърихии таъсири фарҳанг ба сулҳу оштӣ сухан гуфт.

Мавриди ёдоварист, Рӯзи байналмилалии сулҳ шуруъ аз соли 1981 ҳамасола бо ташаббуси СММ гузаронда мешавад.