баргард чоп кардан

Сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Рашт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 25-уми сентябри соли ҷорӣ бо як сафари корӣ ба минтақаи Рашт рафтааст.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, оқои Раҳмон дар оғози сафараш бинои нави хобгоҳ барои 200 тарбиятгирандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар шаҳраки Навободро ифтитоҳ намудааст. “Дар мактаб-интернат 250 тарбиятгиранда ҳастанд, ки аз ин теъдод 145 нафарашон ё бе падар ва ё бе модар буда, шаш нафарашон ятим ҳастанд”,-гуфт ӯ.

Ба қавли Шарифзода, “тамоми ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат бо тӯҳфаҳои президент бо сару либос ва маводи хониш таъмин гаштанд. Ин хобгоҳ бо маблағи 1 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, ки онро “Тоҷиксодиротбонк” маблағгузорӣ намудааст.”

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Навобод бинои нави шўъбаи корҳои дохилӣ дар минтақаи Раштро мавриди истифода қарор дода, аз қисми низомии 051062-и Гвардияи миллии Тоҷикистон дар шаҳраки Навобод боздид кардааст. Ба иттилои Шарифзода раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбати озоду самимӣ афсарону сарбозонро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан даъват намуд.

Ба қавли Абдулфаттоҳ Шарифзода, ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт тӯли се рӯз идома карда, раисиҷумҳур аз навоҳии Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Нурободу Тавилдара боздид хоҳад намуд.