баргард чоп кардан

Наврасони Тоҷикистон бо қувайтиҳо қувва меозмоянд

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии сеюмии Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон бо якачини наврасони Қувайт қувваозмоӣ мекунанд.

Ин бозӣ шоми имрӯз, 27-уми сентябр, дар варзишгоҳи “Али Сабоҳ Ал-Салим”-и Қувейт баргузор мегардад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин бозии худро дар ин мусобиқот бо дастаи наврасони Ҳиндустон мусовӣ - 1:1 анҷом дода, дар бозии дуюм тими наврасони Бутанро бо ҳисоби бузурги 12:0 шикаст доданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии охирини мусобиқоти интихобӣ, шаби 29-уми сентябр, бо якачини наврасони Лубнон рақобат мекунад. Мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузукӣ роҳбарӣ мекунад.

Бозиҳои гуруҳи “А”-и Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Қувайт ҷараён дорад. Ба ин гуруҳ дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қувайт, Лубнон ва Бутан шомиланд.

Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот Қувайт бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал қарор доранд. Тоҷикистону Ҳиндустон 4 митиёзӣ ба даст овардаанд аз рӯи таносуби тӯбҳо Тоҷикистон дуюм ва Ҳиндустон сеюм аст. Лубнон бо 3 имтиёз мақоми чорумро касб кардааст ва Бутан бидуни имтиёз дар зинаи охирин аст.

Ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.