баргард чоп кардан

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон озими Эрон шуд

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки дар Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон ба гуруҳи “D” шомил шудааст, рӯзи 29-уми сентябр, барои омодагии даҳрӯза ба Эрон сафар кард.

Бозиҳои гуруҳи “D” аз 8-ум то 12-уми октябри соли равон дар шаҳри Кирмони Эрон баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон то оғози мусобиқоти мазкур дар Эрон омодагӣ мебинад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар гурӯҳи “D” рӯзи 8-уми октябри соли равон дар варзишгоҳи “Шаҳид Боҳунар” бо тими ҷавонони Эрон (мизбон) қувваозмоӣ намуда, рӯзи 10-уми октябр бо Арабистони Саудӣ ва рӯзи 12-уми октябр бо Лубнон мубориза мебарад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров роҳбарӣ мекунад.

Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонон Тоҷикистон (U-19):

Дарвозабонҳо: Муродулло Саидов (“Энергетик”), Эмомалӣ Сониев (“Истиқлол”), Дилшод Дадобоев (“Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов);

Ҳимоятгар: Самандари Хайриддин, Зокир Иброҳимов (ҳарду - “Истиқлол”), Фирдавс Чақалов, Анварҷон Хамроқулов (ҳарду - ССКА “Памир”), Далер Бердиқулов (“Регар-ТадАЗ”), Алишер Холмуродов (“Энергетик”);

Нимҳимоятгар: Амирбек Ҷурабоев (ДЮСШ ПФК ССКА, Москва), Парвиз Ҳамидов, Муҳсинҷон Парпиев (харду – “Хайр”), Вайсиддин Сафаров (“Истиклол”), Шорух Раҷаматов (“Парвоз”), Комрон Турсунов, Дилшод Саломов, Дилшод Расулов (ҳама – РТСУ), Ойбек Абдуғаффоров, Мармар Зокиров (ҳарду – “Энергетик”),

Ҳамлагар: Меҳроҷиддин Музаффаров (“Хайр”), Суннатулло Холов (“Вахш”), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Муҳсинов (ҳарду - “Истиқлол”).