баргард чоп кардан

Раисро ҳангоми гирифтани пора дастгир кардаанд

Раиси ҷамоати деҳоти «Чавқандоз»-и шаҳри Истаравшан аз вазифаи мансабияш суистифода намуда, аз як сокини ҷамоат 500 доллари амрикоӣ талаб кардааст.


Тавре ба «Озодагон» аз Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд гуфтанд, раиси ҷамоат И.Б. ин маблағро бар ивази ҷудо намудани қитъаи замини наздихавлигӣ гирифтан мехостааст. Раиси ҷамоати деҳоти «Чавқандоз»-и шаҳри Истаравшанро кормандони раёсати агентӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гирифтани 500 доллар боздошт кардаанд. Дар робита шӯъбаи тафтишотии Раёсати агентӣ тибқи моддаи 319, қисми 3-и кодекси ҷиноӣ (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё бо воситаи миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот мебарад. {jathumbnail off}