баргард чоп кардан

Собиқадорони ҷангу меҳнат истироҳат мекунанд

Осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб барои собиқадорони ҷангу меҳнат ифтитоҳ шуд .

Тибқи иттилои шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар робита ба ин чорабинии идона баргузор гардид. Зимнан, дар маросими мазкур вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Маҳмадамин Маҳмадаминов ва масъулини ҳукумати ноҳия ширкат карданд. Ҷаноби вазир собиқадоронро табрик карда гуфт, ҳукумати Тоҷикистон намегузорад, ки шумо хору зор шавед. Дар хотима, бо супоридани тӯҳфаҳои идона ва баргузор намудани консерти идона чорабинии мазкур анҷом ёфт.