Дар намоишгоҳ-ярмаркаи байналхалқии «Хуҷанд-2011» 25 ширкати тавлидотии коло иштирок доранд, ки дар қиёс ба намоишгоҳҳои қаблӣ шумораи ширкатҳо ба маротиб камтар аст.
Муҳаммади Имронӣ, мудири ширкати «Сурӯши Хуросон»-и ҷумҳурии исломии Эрон ва яке аз мубтакирони намоишгоҳи байналхалқии «Хуҷанд-2011» ба хабаргузории «Озодагон» дар вилояти Суғд гуфт, ҳанӯз молу маҳсулоти ширкатҳои эронӣ, ки дар ин намоишгоҳ иштирок хоҳанд кард, ба Тоҷикистон нарасидаанд.Вай гуфт, далели таъхир ин аст, ки дар тронзити қаламрави Ӯзбакистон маҳсулоти ин ширкатҳо соатҳои зиёд нигаҳдорӣ ва мавриди тафтиши гумрукиёни ӯзбак қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 25 ширкати ҳомили коло, дар намоишгоҳи «Хуҷанд-2011» дар остонаи моҳи мубораки Рамазон маҳсулоти худро мавриди таваҷҷӯҳи сокинон гузоштаанд.
Дар соли гузаштаи 2010 ҳам дар мавзеи «Наврӯзгоҳ»-и Хуҷанд як чунин намоишгоҳи молу махсулоти кишоварзии таҳти «Агро- экспо-2010» бо иштироки ширкатҳои тавлидотии Эрон баргузор гардида буд. Намоишгоҳи « Хуҷанд -2011» аз дирӯз, 27- уми июл оғоз ёфта то авохири моҳ идома меёбад.{jathumbnail off}