баргард чоп кардан

Фоҷеа дар пайи як садамаи нақлиётӣ

Сарнишини автомошинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» суръати воситаи нақлиётро баланд намуда аз ӯҳдаи идораи он набаромадааст.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд,   Дадоҷон Абдукаримов  26 сола, аснои ҳаракат дар ҷодаи  Конибодом-Деҳмой, дар ҳудуди ҷамоати  Лоҳутӣ суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, дар тарафи чапи роҳ пиёдагардон Фирӯз Шарипови 19- сола,   Мурод Турсунови  23- соларо, ки истиқоматкунандаҳои   ҷамоати  Лоҳутӣ, деҳаи  Қаракчиқум буданд, пахш кардааст. Дар натиҷа Фирӯз Шарипов  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба ҳалокат расидааст, вазъи Турсунов дар каслхона ваҳим арзёбӣ мегардад.