Ҷавонони тоҷик дар меҳмонӣ бо эрониён қувваозмоӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозии худ дар Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё бо якачини ҷавонони Эрон қувваозмоӣ мекунад.
Ин бозӣ шоми имрӯз, 8-уми октябр, дар варзишгоҳи “Шаҳид Боҳунар”-и Эрон баргузор мегардад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки дар Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон ба гуруҳи “D” шомил шудааст, рӯзи 10-уми октябр бо Арабистони Саудӣ ва рӯзи 12-уми октябр бо Лубнон мубориза мебарад.
Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тайи чанд муддат дар Эрон барои гузаронидани Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон омодагӣ гирифтанд. Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста ва ширкат дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ба ҳайати даста 23 футболбозро шомил кардааст:
Ҳайати мунтахаби ҷавонон Тоҷикистон (U-19):
Дарвозабонҳо: Муродулло Саидов (“Энергетик”), Эмомалӣ Сониев (“Истиқлол”), Дилшод Дадобоев (“Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов);
Ҳимоятгар: Самандари Хайриддин, Зокир Иброҳимов (ҳарду - “Истиқлол”), Фирдавс Чақалов, Анварҷон Хамроқулов (ҳарду - ССКА “Памир”), Далер Бердиқулов (“Регар-ТадАЗ”), Алишер Холмуродов (“Энергетик”);
Нимҳимоятгар: Амирбек Ҷурабоев (ДЮСШ ПФК ССКА, Москва), Парвиз Ҳамидов, Муҳсинҷон Парпиев (харду – “Хайр”), Вайсиддин Сафаров (“Истиклол”), Шорух Раҷаматов (“Парвоз”), Комрон Турсунов, Дилшод Саломов, Дилшод Расулов (ҳама – РТСУ), Ойбек Абдуғаффоров, Мармар Зокиров (ҳарду – “Энергетик”),
Ҳамлагар: Меҳроҷиддин Музаффаров (“Хайр”), Суннатулло Холов (“Вахш”), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Муҳсинов (ҳарду - “Истиқлол”).