баргард чоп кардан

Дар Русия ва Қирғизистон 7 сокини вилояти Суғд боздошт гардиданд

7 сокини вилояти Суғд дар даст доштан ба гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир дар ҳудуди дигар кишварҳо дастгир карда шуданд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз РАНМН назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар муддати 6 моҳи соли ҷорӣ 5 нафари сокинони вилоят бо ҷурми нашъаҷаллобӣ  дар ҳудуди Федератсияи Русия ва ду нафари онҳо дар қаламрави ҷумҳурии Қирғизистон боздошт гардидаанд. Дар маҷмӯъ аз онхо 85 кг маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Бино ба қавли манбаъ, соли  гузашта дар  ҳамин давра берун аз марзи ҷумҳурӣ  5 нафар сокинони вилоят дар даст доштан ба гардиши ғайриконунии маводи мухаддир дар ҳудуди дигар кишварҳо дастгир карда шуда буданд, ки аз онхо 23 кг  маводи мухаддир гирифта шуда буд. Гуфтанист, дар давраи сипаригардида, дар ҳудуди вилояти Суғд низ дар даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 6 нафар шаҳрвандони дигар давлатҳо дастгир карда шуданд. Аз 5 нафар шаҳрвандони Қирғизистон 61 кг ҳашиш ва аз як табааи Федератсияи Русия 643 гр ҳероин мусодира карда, шуда нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 289 (қочоқ) ва 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорхо)-и КҶ ҶТ оғоз карда шудааст.{jathumbnail off}