Даъвати видеоии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар остонаи таҷлил аз Иди Қурбон, яке аз ду иди муқаддаси мусулмонҳо, мардумро ба саховатмандӣ даъват кард.
Ӯ гуфт, ҳар сарватманде, ки молаш ба нисоб расидааст, бояд дар ин рӯз қурбонӣ карда, мардуми дастнигару камбизоатро бенасиб нагузорад. “Дар Тоҷикистон, ки шутур нест, ҳар нафаре қурбонӣ мекунад, метавонад гов ё гӯсфандеро қурбонӣ кунад. Ҳатто 6-7 нафар метавонанд якҷоя шуда, як говро қурбонӣ кунанд. Аммо гӯсфандро танҳо як нафар метавонад, дар алоҳидагӣ қурбонӣ кунад”,-гуфт ӯ.
Оқои Абдулқодирзода дар идомаи суҳбаташ ба ҷавонон муроҷиат намуда гуфт, пайваста дар талаби илм бошанду ростқавлӣ.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, Иди Қурбонро рӯзи сешанбеи 15 октбяр мушаххас кардааст. Шӯрои уламо дар идома имомхатибонро вазифадор карда, ки фазилатҳои Иди Қурбонро ба мардум шарҳ дода, худашон дар хайру саховат намунаи ибрати дигарон бошанд.