баргард чоп кардан

Халъи силоҳ дар ҷануби Тоҷикистон идома дорад

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Муъминобод аз аввали соли 2011-ум то имрӯз, аз сокинони ноҳия ба миқдори 8-адад силоҳ, аз ҷумла 1-автомати Калашников, 7-адад милтиқи ҷангии тамғаи ТОЗ-8,  5-тирдон ва беш аз 1000-дона тири автомат мусодир кардаанд.

Дар ин бора ба «Озодагон» муовини сардори ШКД, майори милиса Юсуф Алиев иттилоъ  дод.

Дар ҳамин ҳол, тибқи хабари аз ШКД-и ноҳияи Фархор расида, кормандони ин шуъба ҳам аз аввали сол, аз сокинон ба миқдори 16-адад яроқ, аз ҷумла 1-адад автомати Калашников, 4-таппончаи тамғаи Макаров, 4-милтиқи карабин ва боқӣ милтиқҳои шикорӣ ва 345 дона тирҳои автомат мусодира карданд. Аммо дар ҳамаи соли гузашта, 4-автомат ва 4-таппонча дарёфт  гардида буд.

Бояд гуфт,  ҳарчанд аз фармони Президенти ҶТ дар мавриди дарёфт, мусодира ва ба таври ихтиёрӣ супурдани яроқи ҷангӣ аз ҷониби кормандони милисаву шаҳрвандон беш аз 16-сол гузашта бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳам яроқ дар дасти аҳолӣ мавҷуд будаву баъзеҳо онро супоридан намехоҳанд. Зеро, тибқи иттилои масъулини мақомоти милиса, ҳамасола аз сокинони шаҳру навоҳӣ ва ба истилоҳ, пинҳонгоҳҳои махфӣ даҳҳо адад яроқу садҳову ҳазорон дона тирҳои ҷангӣ ёфт ва мусодира мешаванд.