баргард чоп кардан

Куштори одам бо корд дар ноҳияи Ишкошим

Аснои баргузории як амалиёти вижаи кормандони милиса, Миравазбеков Низом Фарҳодбекович (соли таваллудаш 1975,  истиқоматкунандаи деҳаи Воғзӣ, ноҳияи Ишкошим, бекор), дастгир карда шуд.


Ӯ 26.07.11с. соати 15.00 дар ҳудуди деҳаи Воғз аз сабаби муносибатҳои оштинопазирӣ бо шаҳрванд Хаёлбеков Гулёри 35-сола ҷанҷол намуда, ӯро бо корди дар дасташ буда 1-маротиба ба қафаси синааш мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}