Баъдан муруре ба мувофиқат накардани кадрҳо низ назар хоҳем кард. Масалан, дар филми “Зиндагӣ” ду нафар бо ҳам даст ба гиребон мешаванд. Яке айнак дорад, ки баъд аз афту дарафти зиёд ва мушткӯбиҳои бешумор ҳам айнак аз чашми ӯ намеафтад. Дар филми “Нотарс” бошад, ҳавопаймо дар роҳ ба сӯи Теҳрон суқут мекунад. Онҳое, ки аз ин садама ҷон ба саломат мебаранд, дар гармои тобистон ва он ҳам рӯзона гулхан мегиронанд. Дар “Нишони зиндагӣ” ҳодисаҳои филм дар замони Шӯравӣ ба вуқуъ мепайвандад, аммо мизу курсӣ, либоси қаҳрамонҳо ҳозиразамонанд. Дар дохили мошине, ки рақами Шӯравӣ дорад, диски “CD” овезон аст.
Беҳтараш наворро бубинед ва агар мабодо бо мо розӣ нашудед, андешаи худро зери он бинависед. Бо умеди шуҳрати ҷаҳонӣ, ҳади аққал минтақаӣ ёфтани синамои тоҷик то ҳафтаи дигар Худо нигаҳбонатон!