баргард чоп кардан

Ҷинояткорӣ дар шимоли Тоҷикистон ҳудуди 60 % афзойиш ёфтааст

Дар нимсолаи 1-уми соли 2011  дар  ҳамаи хадамотҳои мақомоти корҳои дохилаи вилояти Суғд 2929 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки 1094 ё худ 59, 6 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.


Тибқи маълумоти сарраёсати Агентии омор дар видояти Суғд    ,миқдори ҷинояти вазнин дар нимсолаи 1-уми соли 2011 нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта 501 адад ё 2,2 баробар зиёд шуд. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Чкалов 10,5 баробар, Табошар 3 баробар дар ноҳияҳои Ашт 4,4 баробар, Зафаробод 2,3 баробар, Айнӣ ва Кӯхистони Мастчоҳ 2 баробари зиёд гардид.                        
Аз рўи қонуншиканиҳои гумрукӣ 10 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла барои интиқоли маводи нашъа 6 парванда, барои дуздии молхои ниёзи мардум 4  парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Ҳамагӣ оиди хуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар нимсолаи 1-уми соли 2011-ум 1394 парванда баррасӣ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,3 фоиз зиёд аст.  {jathumbnail off}