Баҳси таҷлили 3000-солагии Ҳисор дар ҳузури президент
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми октябр, дар доираи омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор, ки 10-уми сентябри соли 2015 дар назар аст, машварати корӣ доир намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон машварати корӣ бо иштироки аъзои Кумитаи тадорукот, аъзои ҳукумати кишвар ва фаъолон ва соҳибкорони бонуфузи ноҳияи Ҳисор баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ ба муносибати ин ҷашн аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои марказии маблағгузорӣ, аз ҷумла соҳибкорони ноҳияи Ҳисор садҳо иншооти нави замонавӣ бунёд ёфта, ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад: “Аз ҷумла варзишгоҳи бузурги марказӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби президентӣ, чанд мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, беморхонаи нави марказӣ ва якчанд иншооти дигари тиббӣ, китобхонаю осорхона, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ бо чойхонаи миллӣ бо маблағгузории ҷумҳуриявӣ бунёд хоҳанд ёфт. Дар ин муҳлат мушкили норасоии оби ошомиданӣ ва навсозии шабакаи обу корези маркази ноҳия бартараф шуда, зеристгоҳи барқии 220 киловолта бунёд хоҳад ёфт. Беш аз 130 иншооти дигар, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохта, ба кор дароварда хоҳанд шуд.”
Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки “ҳадафи асосӣ аз таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳия аст”. Дар ҷаласа иттилоъ дода шудааст, ки барои таҳти васоёи ЮНЕСКО таҷлил намудани ин ҷашн ба ин созмон дархости Ҳукумати кишвар фиристода шудааст.