баргард чоп кардан

Дахли дигарбораи Абдулқодирзода ба мавзӯи "Ошӯро"

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бори дигар ба мавзӯи Ошӯро дахл карда, аз сокинони кишвар даъват намуд, аз мотам ва хурсандӣ дар ин рӯз худдорӣ кунанд. Рӯзи Ошӯро, ки дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам аз он таҷлил карда мешавад, аз сӯи пайравони бархе аз мазоҳиб рӯзи мотам эълон шудааст.

Абдулқодирзода, ки рӯзи 8 ноябр дар масҷиди марказии Душанбе дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, "бар асоси мазҳаби Имом Абуҳанифа ва аҳли суннат ва ҷамоат дар рӯзҳои 9 ва 10 моҳи муҳаррам ҳеч гуна мотамгирию хушҳолӣ ва худзанию гиребончоккунӣ нест". Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз амалкарди ин гуна пайравони мазоҳиб изҳори таассуф кард, ки онҳо дар ин рӯз худро задаву аъзои баданашонро хуншор мекунанд.

Ӯ таъкид кард, чоку захмӣ кардани бадани худ дар ин рӯз як сӯиқасд ба ҷони хеш ё мисли харошидан ва маҷруҳ кардани бадани шахси дигар аст ва ин амал аз нигоҳи Ислом қатъиян ҳаром мебошад: “Касе ҳақ надорад бигӯяд, ки ҷони ман аст, чӣ коре хоҳам мекунам. Чун Худованд ин ҷонро дар бадани инсон амонат қарор додааст, ки ин кор боиси хиёнат ба амонат мешавад.”

Ба гуфтаи Абдулқодирзода, дар рӯзи Ошӯро баъзан ашхос ба бархе аз гузаштагон лаънату дашном мефиристанд, ки ин амалро набояд кард: “Мову Шуморо Худованд аз гузаштагон намепурсад, ҳар касро барои кори анҷом додааш пурсон мекунад. Шумо лаънат мегӯед ба гузаштагон, ки онҳо имони қавӣ доранд, яъне сипари қавӣ ва дар натиҷа лаънати моро бозпас мефиристад.” Инчунин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода подош ва савоби рӯза доштан дар рӯзҳои 9 ва 10 моҳи муҳаррамро зикр намуда, афзуд, рӯзадорӣ дар ин рӯзҳо аз паёмбар (с) ба мо мерос мондааст: "Агар шахсе рӯза дошт, савобро ноил шудааст ва оне намегирад гунаҳгор ё осӣ намешавад."

Дахли дигарбораи Абдулқодирзода ба мавзӯи "Ошӯро" Ин даъвати Абдулқодирзода дар ҳолест, ки ду соли қабл байни ӯ ва хонаводаи Тураҷонзодаҳо дар мавриди Ошӯро як баҳси густурда ба миён омад, ки то ба марҳилаи додгоҳӣ расид. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабри соли 2011 дар баёнияе аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба додгоҳ шикоят бурданд, аммо додгоҳ даъвои онҳоро қонеъ накард. Ҳамзамон дар пайи ин қазия фаъолияти масҷиди “Муҳаммадия”, ки ба оилаи бародарон Тураҷонзодаҳо марбут аст, ҳамчун масҷиди ҷомеъ мамнуъ гардида, ҳоло ба ҳайси масиҷиди панҷвақта фаъолият дорад.

"Ошӯро" аксаран аз ҷониби шиамазҳабҳо дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам ба хотири ёдбуди қатли Имом Ҳусайн, набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва писари ҳазрати Алӣ (р) дар дашти Қарбало қайд карда мешавад. Дар ин рӯз бархе аз пайравони ин мазҳаб бо абзори оҳанин ба бадани худ зада, тани хешро хуншор менамоянд, ки баъзан мунҷар ба ҳалокати бархе аз ин ашхос низ мешавад. Моҳи муҳаррам тибқи солшумории мелодӣ рӯзи 4-уми ноябр фаро расид ва интизор меравад, маросими Ошӯро рӯзи нуҳуми моҳи муҳаррам баргузор гардад.