баргард чоп кардан

Сафири Амрико: “Ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро камтар нахоҳем кард” (АКС)

Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, гуфт, Амрико аз ин ба баъд низ талош хоҳад кард, то ҳамкорияш бо Тоҷикистонро тақвият бахшад.

Хонум Эллиотт ин ҳафҳоро дар як сӯҳбати хеле кӯтоҳ бо хабарнигори “Озодагон” рӯзи 8 ноябр дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ироаи кумаки созмони “Каунтерпарт интернешнл”, ба як мактаб-парваришгоҳ баён дошт. Вай гуфт, “барқарорсозии ин парваришгоҳи солимгардонӣ як намунаи ҳамкориҳои мо бо Тоҷикистон аст ва умедворем, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда бештар хоҳанд шуд”.

Мактаб-парваришгоҳи солимгардонӣ соли 1964, ҳамчун иншоот барои кӯдакони имконияташон маҳдуд аз сартосари ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, айни ҳол зиёда аз 500 кӯдаки аз 7 то 16-сола дар он ҷо машғули таҳсилу табобатанд. Ҳукумати Амрико рӯзи 8 ноябр барои барқароркунии ҳаммом, хонаи либосшӯӣ ва обанбори ин мактаб-парваришгоҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ тавассути созмони “Каунтерпарт Интернешнл” 45 ҳазор доллар маблағгузорӣ кард.

Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, мегӯяд, онҳо дар фикри тағйири барномаҳояшон дар Тоҷикистон нестанд, балки мехоҳанд, ҳамкорӣ бо ин кишвари Осиёи Марказиро тақвият диҳанд. Агарчӣ хонум Эллиотт дар ин сӯҳбаташ дар бораи пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр ҳарфе нагуфт, вале ишора кард, Амрико бо гузориши нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки интихоботи Тоҷикистонро бидуни рақобат номида буд, розӣ аст.

Дар аксҳо: Кумаки Иёлоти Муттаҳида ба мактаб-парваришгоҳи солимгардонии ноҳияи Рӯдакӣ; 8 ноябр: