Боздошти як сокини Малайзия ба хотири тавҳин ба "Аллоҳ"
Кормандони пулиси Малайзия як сокини муқимиро ба иттиҳоми тавҳин ба вожаи “Аллоҳ” боздошт кардаанд.
Ба иттилои хабаргузории расмии Малайзия, ин ҷавони малайзӣ рӯзи 7 ноябр дар пайи нашри калимаи тавҳиномези “Аллоҳ” дар саҳифаи фейсбукии худ боздошт шудааст. Мақомоти пулис ҳар чанд аз ному насаби ин ҷавон чизе нагуфтаанд. Вале ин ниҳод таъкид кардааст, ки нафари айбдор шаванда ба шуъбаи пулис ҳозир карда, шуда алайҳи он бар асоси моддаи Қонун оид ба фитна ангезӣ парванда боз шудааст.
Пулиси Малайзия мегӯяд, ҳоло ин ҷавон дар озодӣ мебошад, чун волидайнаш маблағи замонатро додаанд. Манбаъ мегӯяд, ин ҷавон ду соли қабл аз донишгоҳ берун карда шуда, ӯ алоқамандии зиёд ба бозиҳои компютерӣ доштааст.
Беш аз 40%-и сокинони Молайзия, ки 29 миллион аҳолӣ дорад, мусулмон буда, ҳукумати феълии он исломӣ мебошад. Аммо пайравони адёни дигар аз қабили будоӣ низ дар ин кишвар ба сар мебаранд.