баргард чоп кардан

Маҷрӯҳони садамаи BMW-и Расул: "Касе ба суроғамон намеояд" (ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ

Табибони бемористони Қарияи Боло пойи Азиза Рӯзиева -- як маҷрӯҳи садамаи нақлиётӣ бо иштироки Расули Амонулло, писари раиси Роҳи оҳанро, ҷарроҳӣ карда ва гуфтаанд, ӯ наметавонад як сол роҳ гардад.

Баъд аз садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбе барои бори дувум аст, ки Азиза ҷарроҳӣ мешавад. Худи ӯ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҷарроҳии пояш рӯзи якуми ноябр анҷом шуда, баъд аз шунидани хабари он ки як сол роҳ гашта наметавонад, сахт ғамгин шудааст.

Азиза афзуд, рӯзи ҷумъаи 8 ноябр модараш ба назди Амонуллои Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, рафтааст, то ин масъаларо бо ӯ дар миён гузорад, аммо муваффақ нашудааст: "Пойҳоям кор намекунанд. Ҷойҳое, зарб хӯрдаанду шикастаанд, сахт дард доранд. 1 ноябр ҷарроҳӣ карда, дар кос оҳан монданд ва духтурон мегӯянд, баъд аз як сол оҳанро мегирем. То як сол маро кӣ нигоҳубин мекарда бошад? Модарам бояд кор кунад, пеш ман кор карда оилаамонро таъмин мекардам. Осон нест дар ҷойгаҳ хоб рафтан, боз ними баданат ҳаракат накунад. Пули ҷарроҳиро додан даркор, намедонем аз куҷо пайдо кунем. Чанд вақт аст, ягон нафар суроғамон намекунад. Худо ба ҳар кас инсоф диҳад."

Маҷрӯҳони садамаи BMW-и Расул: "Касе ба суроғамон намеояд" (ВИДЕО)Хабарнигори "Озодагон" имкон пайдо кард, дар бемористони Қарияи Боло бо Шокир Маҳкамов, маҷрӯҳи дигари ин садама, ки чанд муддат дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буда, ҳатто баъзе расонаҳо аз марги ӯ хабар дода буданд, дидор кард. Шокир гуфт, аз ҷароҳатҳои бардоштааст сахт азият мекашад ва қарор аст, рӯзи сешанбеи 12 ноябр ҷарроҳии севумашро аз сар гузаронад.

БОЗПУРСИИ РАСУЛИ АМОНУЛЛО
БОЗПУРСИИ АМОНУЛЛОИ ҲУКУМАТУЛЛО
ИЗҲОРОТИ РАИСИ РОҲИ ОҲАН
ДАЪВО НАДОРЕМ
ВОКУНИШИ СӮҲРОБ ШАРИФОВ

Ин дар ҳолест, ки Мадина Аҳмедова – яке дигар аз маҷрӯҳони садамаи шаби 9 октябр мегӯяд, бо вуҷуди он ки аз бемористон мураххас шудааст, вале аз захмҳои бардоштааш то ҳол азият мекашад. Вай гуфт, “то ҳол дар хона хобам, аммо онҳо ягон бор занг ҳам назаданд. Бояд барои ҷарроҳии Азиза кумак мекарданд, вале накарданд. Ҳатто рақами телефонашон хомӯш аст.”

ШОКИР МАҲКАМОВ ДАР БОРАИ ҶАРОҲАТҲОЯШ...



...ВА САДАМАИ ШАБИ 9 ОКТЯБР



Садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор оварад. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд. Ин барои бори дувум аст, ки номи фарзандони Амонулло Ҳукуматулло дар сархати расонаҳо қарор мегирад. Ду соли пеш писари ӯ Рустам Ҳукумов ба далели қочоқи маводи мухаддир ва ҳукми зиндонаш дар Русия дар сархати расонаҳо ҷо гирифта буд.


Дар акси аввал: Азиза Рӯзиева